Олам ва ҳолатҳои фавқулодда

Такони замин дар Эрону Эквадор ва сарнавишти номаълуми сокинон. Барфи шадид дар Маскав, ки муҷиби ду баробар кам шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳо ва афзоиши садамаҳои мошин шудааст. Сӯхтор дар хонаи истиқоматӣ ва марги панҷ тифл аз як оила. Фурӯ рафтани як пули одамгузар дар шаҳри Прага, ки ҷони 4 нафарра дар хатар гузоштааст...

Инҳо хабарҳои субҳи имрӯзи оламанд. Ва ҳар рӯзу ҳар соат дар олам рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки ҷонҳои солимро аз байн мебаранд, одамонро бехонаву дар мекунанд, зиндагиро ба мушкил рӯ ба рӯ месозанд. 

Зар заминларзаи нав дар Кирмони Эрон 52 нафар захмӣ шуданд

Зилзилаи нав атрофи шаҳри Кирмони Ҷумҳурии исломии Эронро ларзонд.

Тибқи иттилои хадамоти геологии Амрико маркази ин зилзила 58 киломтерии шимолу шарқи шаҳри Кирмон буд ва дар маркази он 6 баллро ташкил медод.

Бино ба хабарҳои аввалияи ВАО бар асари ин заминларза 52 нафар зарар диданд. Дар бораи ҳалокати одамон ва харобиҳои дигар иттилои расмӣ дастрас нашудааст.

Ин дуюмин заминларзаи шадид дар Эрон зарфи як моҳи охир аст. Ҳамчуноне иттилоъ дода будам, моҳи ноябр бар асари заминҷунбӣ дар вилояти Кирмоншоҳи ин кишвар бештар аз 500 нафар ҷони худро аз даст додаву зиёда аз 12 ҳазор тани дигар захмӣ шуда буданд. 

Дар сӯхтори хонаи истиқоматӣ дар Новосибирск панҷ кӯдак ба ҳалокат расид

Дар сӯхтори хонаи истиқоматии шаҳраки  Степнойи ноҳияи  Искитими вилояти Новосибирски Русия 5 тифл ба ҳалокат расиданд.

Ин сӯхтор субҳ рух додааст. Сокинон вақте аз сӯхтор огоҳ шуданд, ки дуди ғализи он атрофро пур карда буд. Онҳо соҳиби хонаро бедор карданд.

Вақте сӯхторхомушкунандагон омаданд, тахмин зада мешуд, ки дар дохили хона панҷ кӯдаки аз якунимсола то ҳафтсола боқӣ мондаанд.

Наҷотбахшон онҳоро пайдо карданд ва таҳқиқ шудааст, ки панҷ тан хеле барвақттар аз ихроҷи гази карбон заҳролуд шудаву мурдаанд. 

Ожонсии хабарии РИА Новости истинодан ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки ин бачаҳоро падари танҳо, ки худ аз сӯхтор солим берун омада буд, тарбия мекард. Модари онҳо  аз дунё гузашта будааст.

Пркуратураи минтақа парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва сабаби сӯхтор таҳқиқ мешавад. 

Заминларза дар соҳилҳои Эквадор

Замиларза, ки дар маркази он 6 балро ташкил медод, соҳилҳои Эквадорро такон дод.

Маркази ин заминларза 69 км қисмати  шимолу шарқии шаҳри Портовйехо будааст, ки дорои 194 ҳазор аҳолӣ мебошад.

Дар бораи зарардидагон ва талафоти ҷонӣ ва харобиҳои эҳтимолӣ хабар дода нашудааст.

Фудургоҳи Шереметовои Маскав шумори парвозҳои худро ду баробар коҳиш дод

Барфи шадид сабабгор он шуд, ки калонтарин фурудгоҳи шаҳри Маскав теъдоди парвозҳои худро ду маротиба коҳиш диҳад. Дар ин бора ТАСС истинодан ба гузориши роҳбарияти фурудгоҳи Шереметово хабар дод. 

Манбаъ хабар додааст, ки ҳоло дар як соат ба ҷойи 55 парвози маъмуливу муқаррарӣ 20 парвоз иҷозат дода мешавад. Барф ба ҳадде шадид борида, ки хадамоти барфрӯбӣ наметавонанд ҳама хатҳои парвозро сари вақт тоза ва онро ба ҳаракати тайёраҳо омода созанд. 

Пештар хабар дода мешуд, ки ба сабаби бориши шадиди барф бештар аз 100 парвоз боздошта шудааст. Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав бар асари ин боришот шумори садамаҳои нақлиётӣ низ афзудаанд.

Аз фурӯ рафтани пули одамгузар дар шаҳри Прага 4 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки ҳоли яке вазнин аст

Дар пойтахти Ҷумҳурии Чех шаҳри Прага як пули одамгузар фурӯ рафтааст ва  дар натиҷа чор нафар зарар дидаанд.

Қисмати мобайнии ин пул ба дарё сарозер шудааст ва эҳтимоли комилан хароб шудани пул вуҷуд дорад,- гуфтаанд ба хабаргузориҳо аз мақомоти шаҳрдорӣ.

Манбаъ гуфтааст, ки ин чор ҷабрдида ҳангоми фурӯ рафтани пул болои он қарор доштаанд. Ҳоли яке аз ин чор тан вазнин буда, дар бемористон аз ҳуш рафтааст. Аммо ҳоле се нафари дигар чандон хатар ба ҷонашон надорад.

барчасп: