Аргентина маллоҳони гумшудаи киштии зериобиро дигар ҷустуҷӯ намекунад

Аргентина эълон кард, ки амалиёти ҷустуҷӯи маллоҳони гумшудаи киштии зериобии “Сан-Хуан”-ро қатъ мекунад. Дар ин бора бегоҳии дирӯз намояндаи неруҳои дарёии ин кишвар Энрик Балби хабар дод.

Номбурда дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: муҳлате, ки имкони зиинда пайдо кардани маллоҳонро пешбинӣ мекард, гузашт. Мо беш аз ду маротиба рӯзҳои ҷустуҷӯ ҷиҳати зинда ёфтани маллоҳонро зиёд кардем, ҷустем, вале онҳо пайдо нашуданд. Дигар касе бовар надорад, ки онҳо зинда бошад. Чораҳо андешида шуданд, вале киштӣ пайдо нашуд. Наҷоти касе дигар имконпазир нест,-гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин эълон кард, ки чун тасмим гирифта шуд амалиёти наҷот қатъ карда шавад, се киштие, ки ба ҷустуҷӯ сафарбар шуда буданд, ба пойгоҳи пешини худ бармегарданд. 

Гуфтанист, ки киштии зериобии Неруҳои дарёии Аргентина  «Сан-Хуан» аз 15-уми ноябри соли равон нопадид шуд ва бо марказ иртиботашро қатъ намуд. Дар охирин иртиботаш сарварони киштӣ дар бораи садмаи он хабар дода буданд.

Дар киштӣ 44 нафар маллоҳон ҳузур доштанд ва дар миёни онҳо аввалин бону дар киштии зериобӣ – Элиана Мария Кравчик низ ҳузур дошт. Намояндагони Неруҳои дарёии Аргентина дар мавриди як таркиш хабар доданд, ки шояд инфиҷор дар “Сан-Хуан” буд. 

Мақомоти низомии Аргентина гуфтаанд, ки ҳарчанд умеде ба зинда мондани маллоҳон вуҷуд надорад, вале ҷустуҷӯи киштӣ идома хоҳад ёфт.

барчасп: