Рӯйдодҳои олам: оташсӯзиҳо, обхезиҳо, садамаҳои маргбор...

Рӯзҳои охири ҳафта расонаҳои хабарии олам аз рӯйдоҳои зиёде хабар доданд, ки талафоти ҷонӣ доштанд, иншоотҳоро хароб кардаанд, ҷони одамонро дар хатар гузоштаанд. Дар олами паҳновар ҳар соату ҳар рӯз ҳодисаҳое иттифоқ меуфтанд, ки ҳалокатборанд. Аз ин рӯйдодҳо метавон даҳҳо хабарро дар саҳифа ҷо дод. Вале бо хулоса ва чанд мисол иктифо мекунем.

Бархӯрди киштии боркаш як бинои таърихиро дар соҳил хароб кардааст

Дар Босфор киштии боркаш ба як бинои таърихии соҳил бархӯрдааст. Дар наворе, ки ахиран CNN Turk интишор дод, дида мешавад, ки зарба қисмати пеши киштии бузурги 225-метраи боркаши Vitaspirit ба ошёнаҳои дуввум ва сеюми бино расидааст ва ин ду ошёна пурра ба замин фурӯ рафтаанд.

Ин ҳодисаи нохӯш рӯзи шанбеи гузашта рух додааст. Гуфта мешавад, ки киштӣ дар наздикии соҳил аз идора хориҷ шуд ва ба самти соҳил ҳаракат кард. Дар он ҷо вай ба бинои сурхи таърихӣ бархӯрд. Бино ба гуфтаи мақомот ин бинодар миёнаҳои асри XVIII сохта шуда будааст ва то ин дар як макони баргузории чорабиниҳои тафреҳӣ будааст. 

Бино ба маълумоти расида Vitaspirit аз Русия ба бандари Александрия дар ҳоли ҳаракат буд. 

Дар бораи зарардидагон дар ин садамаи мудҳиш хабар дода намешавад, вале акнун касоне, ки мехоҳанд иншоотеро барои роҳандозии чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ иҷора бигиранд, ногузиранд ҷойи дигар ҷустуҷӯ кунанд.  

Баъди ин ҳодиса ҳаракат ба Босфор аз ду ҷониб масдуд шуд. Ба кумаки киштии боракаш чанд техника эъзом шуд, то онро аз маҳалли бархӯрдаш ба даруни об кашанд. Шоҳидон мегӯянд киштӣ зарари чандоне аз ин садама надидааст.

Сӯхтор дар бинои осмонбӯси Ню-Йорк як кушта ба ҷой гузошт

Бар асари сӯхтори азим дар ошёнаи 50-уми як бинои осмонхарош дар шаҳри Ню-Йорки ИМА марди 67-сола ба ҳалокат расидааст.

Дар бинои осмонхароши Trump Tower,  воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк хонаи дар ошёнаи 50-ум оташ гирифт. Мардеро, ки дар ин хона мезист, дар ҳоли беҳушӣ дар бемористон бистарӣ карданд. Ин ҳамон биное будааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп то омаданаш ба Кохи Сафед дар он мезистааст.  

Ин сӯхтор рӯзи шанбе сар задааст ва бино ба гузориши мақомот дар ҷойи ҳодиса барои хомӯш кардани он то дусад нафар кор кардаанд. 

Забонаи оташро басо зуд хомӯш карданд, мардеро, ки аъзои баданаш сӯхта буд, аз он берун оварданд, вале дар роҳи интиқол ба бемристон ҷон дод.  Fox  ин мардро 67-сола ва исмашро Тодд Брасснер номидаст, ик ин хонаро соли 1996  харида будааст. 

Дар садамаи автобуси тими хоккейи Канада 14 нафар кушта шуданд

Бино ба гузороиши CBC дар натиҷаи садамаи автобус дар Канада 14 нафар бозингарони як тими хоккейи ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Мақомот расман ин хабарро тайид кардаанд ва гуфтаанд, ки дар автобус аъзои тими хоккейи Humboldt Broncos савор будаанд.

То ин замон исми ҳалокшудагон расман эълон нашудааст. Дафтари матбуотии пулиси маҳаллӣ гуфтааст, ки ин садамаи маргбор бегоҳӣ дар вилояти Саскачеван рух додааст. Автобус бо мошини дигар дар 30-километраи шаҳри Тисдейл бархӯрдааст. Бино ба гузориши The Globe and Mail  дар ин автобус  28 нафар сафар мекарданд. 14 нафарашон кушта шуданд ва боқимондагон бо ҷароҳатҳои гунгун дар бемористон бистарӣ гаштанд. Ҳоли се нафари дигар низ вахим аст ва табибон ба зинда мондани онҳо умеди камтар доранд. 

Сарвазири Канда Джастин Трюдо ба хонаводаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд. “Ман тасаввур карда наметавонам, ки дар айни замон волидон чӣ ҳолатеро аз сар мегузаронанд ва дили ман ҳам ҳамроҳи ҳамаи онҳоест, ки дар ин фоҷеа азизони худро аз даст додаанд”,- омадааст дар номаи ҳамдардии сарвари ин кишвар, ки дар Twitter нашр кардааст.
Дар ин тим ҷавонони аз 16 то 21-сола машқ мекарданд. Бозии Humboldt Broncosро бо тими Nipawin Hawks лағв карданд.

Дар Мюнстерни Олмон мошине болои анбӯҳи одамон ҳаракат кардааст

Баъди ин ҳодиса ронанда даст ба худкушӣ задааст. Пулис шарҳи расмиеро оид ба ин рӯйдод ироа накардааст, вале расонаҳои хабарии маҳаллӣ онро амали террористӣ унвон кардаанд.

Дар маркази шаҳри Мюнстери Олмон мошине ба анбӯҳи мардум бархӯрд. Пулиси ин шаҳр аз роҳандозии амалиёти калонмиқёс хабар дод, - иттилоъ медиҳад DW. Дар Twitter пулиси минтақавӣ гуфта мешавад, ки аз ҳар гуна арзёбиҳои ин рӯйдод худдорӣ кунанд, ҳарчанд аллакай баъзе расонаҳои хабарӣ онро амали террористӣ эълон намуданд.

Дар аввалин хабарҳо шумори кушташудагони ин бархӯрд чор нафар эълон шуд ва яке аз онҳо ронандаи ин мошин буд, ки баъди анҷоми амал худро ба ҳалокат расонд. 

Spiegel Online дар Twitter хабар медиҳад, ки аз 30 ҷабрдида 6 нафарашон дар ҳоли вазнин ва хатарбор бистарӣ шудаанд. 

Бино ба навиштаи нашрияи  Rheinische Post дар ин ҳодиса 3 нафар ҳалок шуданд ва беш аз 30 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд ва муаллифи ин гузориш ҳодисаро терракт унвон кардааст.

Пулис дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса маводи тарканда меҷӯяд ва ин нашрия ҳамчунин навиштааст, ки аксари кормандони пулис эҳтимолан ба ҷустуҷӯи шарики ин амали ҷиноӣ сафарбар шудаанд. 

Reuters навиштааст, ки гумонбари ин ҳодиса худро дар ҷойи рӯйдод куштааст. Пулис сареҳан эълон кард, ки ин амал шарики дигар надоштааст ва зоҳиран хатар бартарф шудааст.

барчасп: