Пешгирӣ аз сӯхтори эҳтимолӣ дар Бошқирдистон. Мақомоти интизомӣ мегӯянд расиши кӯтоҳи ноқил метавонист муҷиби сӯхтори азим дар як маркази савдо шавад, вале аз қабл онро пешгирӣ кардаанд.
Дар Амрико низ аз тӯфонҳои соли гузашта ибрат гирифтанд ва имсол аз қабл аҳолиро аз 8 тӯфони азим ҳушдор медиҳанд, ки метавонад харобиовар бошад.
Сӯхтор дар маркази дилхӯшии Самара
Бино ба иттилои “Российский Диалог” дар як маркази дилхӯшии шаҳри Самара сӯхтори азим рух додааст. Манбаъ мегӯяд марказро нерӯҳои наҷот дар иҳота гирифтаанд.
Ин сӯхтор дирӯз соати 17 бо вақти Маскав рух додааст. Аввал боми бино оташ гирифтааст. Майдони сӯхтор 200 метри мураббаъро ташкил додааст. Мақомоти интизомӣ биноро дар муҳисира гирифтаанд, то ки пиёдагардон тасодуфан вориди он нашаванд. Онҳо ҳамчунин ҳаракати мошинҳоро ҳам зери назорат гирифтаанд. То фаро расидани торикӣ майдони сӯхтор 450 метри мураббаъро дар бар гирифтааст ва кормандони сӯхторхомӯшкунӣ бо истифода аз ҳама техника забонаи оташро хомӯш кардаанд.
Пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки касе дар ин сӯхтор зарар надид. Сабаби сӯхтор ҳоло таҳқиқ нашудааст, вале мақомот мегӯянд эҳтимолан муносибати беэҳтиётона ба оташ омили ин фоҷеа шуда бошад.
Обхезӣ зиндагӣ дар чанд вилояти Русияро ба мушкил рӯ ба рӯ кард
Бештар аз 90 пул ва 86 маркази аҳолинишин дар минтақаҳои гуногуни Русияро об пахш кард. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар иттилоъ дод.
Дар хабари ин идора аз ҷумла омадааст: “Дар айни замон 86 нуқтаи аҳолинишин, 510 хонаи истиқоматӣ, 93 пул ва 14 роҳи мошингард зери об мондааст”.
Дар хабар боз гуфта мешавад, ки 20 нуқтаи аҳолинишинро дар вилоятҳои Мордовия, Воронеж, Тула, Нижегород ва Рязан об аз роҳҳои убуру мурур ҷудо кардааст.
Дар вилоятҳои Рязан ва Нижегород 13 нуқтаи убур бо заврақҳо ташкил карда шудаанд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта об аз 27 русто ва 186 хонаи истиқоматӣ берун шуд.
Бино ба гуфтаи кормандони наҷот обхезиҳои баҳорӣ қаблан ҳам пешгӯӣ шуда буданд ва ин боз муддате идома хоҳад кард. Дар минтақаҳои Поволже, Округи федералии Марказӣ ва Сибир ба сабаби об шудани барф сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд шуд. Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ҷойи ҳодиса ҳудудан 3,5 ҳазор нафар сафарбар шудаанд, 1,2 ҳазор техника, аз ҷумла 139 воситаи шиноварӣ дар хизмати онҳо қарор дорад.
Наҷотдиҳандагон обро аз ҳавлиҳо мекашанд ва одамони дар иҳотаи об мондаро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунанд, кӯмакҳои аввалияи тиббӣ мерасонанд.
Соли 2018 Амрикоро хатари ҳашт тӯфони азим таҳдид мекунад
Дар ин бора ахиран маҷаллаи “Наука и техника” навиштааст. Соли гузашта ИМА аз тӯфонҳо зарари зиёд дид. Обуҳавосанҷон ҳоло сокинони Амрикоро ором кардаанд ва мегӯянд имсол теъдоди ин гуна тӯфонҳои харобиовар камтар хоҳад буд, вале хатари онҳо ҳифз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта тӯфонҳои харобиовар муддати ду ҳафта идом адоштанд ва сокинони баъзе иёлотҳои ин кишварро нигарон карданд. Чунончӣ, сокинони иёлотҳои Техас, Луизиана, Оклахова ва Арканзас мегӯянд аз ин пештар ҳеч вақт яхпораҳои аз осмон фурудояндаро надида буданд.
Шамол бо суръати 90 км дар як соат мевазид. Дарахтон ба ин гуна фишорҳо тоб наёварданд: онҳо болои хонаҳои истиқоматӣ чаппа мешуданд. Марде дар Лонгвю маҳз бар асари чаппа шудани дарахт болои хонааш ба ҳалокат расида буд.
Аммо имсол ҳам бо вуҷуди камии теъдоди тӯфонҳои пешгӯишаванда хатар ба аҳолӣ бештар таҳдди мекунад ва мақомот бо интишори ин хабар сокинони кишвар ва бахусус иёлотҳои осебпазирро ҳушдор медиҳанд, ки аз қабл омода бошанд.
Ахиран NASA навори видиоеро пахш крада буд, ки тӯфони соли 2017 харобиҳои зиёд дошт ва ҷонҳои зиёди зиндаро ҳам аз байн бурд.
Дар Бошқирдистон наздик ба ду ҳазор нафарро аз як маркази савдо берун карданд
Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ: хавфи сар задани як сӯхтори азим пешгирӣ шуд, аммо барои ин лозим омад ҳудудан 2 ҳазор нафар фавран аз макони хатар берун карда шаванд.
Дар ин бора шабакаҳои телевизионии Русия истинодан ба мақомоти маҳаллӣ иттилоъ доданд.
Бино ба хабари "Российский Диалог" дар маркази савдои “Фабри”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Худойберидев расиши кутоҳи ноқилҳои барқ эҳсос шудааст, аммо ин ҳодиса нохӯшие ба дунбол надоштааст. Бино ба хабари ТААС ин расиши кутоҳ дар ошёнаи дуюми маркази савдо рух додааст ва фавран ҳама харидорон ва кормандони мағозаҳои ин марказро аз маҳалли ҳодиса хориҷ кардаанд.
Дар як муддати кутоҳ ҷиҳати риояи эҳтиёт бештар аз 1,9 ҳазор нафарро ба ҷойи бехотар интиқол додаанд.
Ба ҷойи ҳодиса 3 адад техника ва 9 тан аз кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда расидаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар ин ҳодиса касе зарар надид. Хабаргузориҳои Русия дар шарҳи ин хабар навиштаанд, ки рӯйдоди хунини маркази савдои “Зимняя вишня” дар Кемерево мақомотро ҳушёр кардааст ва мехоҳанд ба хурдтарин таҳдид фавран вокуниш нишон диҳанд.
Дар сӯхтори маркази савдои Кемерево 64 нафар ба ҳалокат расиданд, ки аксари онҳо тифлон буданд.