Қадршиносии мақомоти Русия аз қаҳрамонии тоҷикписаре, ки дар Кемерово одамонро наҷот дода буд

Зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов, ки бо ҳамраҳони тоҷикаш рӯзи сӯхтори фоҷеабори Кемерово дар наҷоти даҳҳо нафар саҳм гирифта буд, аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ шуд. Александр Бастрикин, сарвари ин ниҳоди давлатии Русия рӯзи 31-уми март дар ҷараёни қадрдонӣ аз қаҳрамониву шуҷоати афроде, ки дар наҷоти ҷони зери сӯхтормондагон ҳиссагузор буданд, зодаи шаҳри Душанбе Фарзон Салимовро низ бо медалӣ ҷангӣ мукофотонид.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия он рӯз Александр Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти фавқулода  ҳаёташонро зери хатар гузошта, қаҳрамонии воқеӣ нишон доданд, алоҳида мулоқот намудааст.

Дар хабари Кумитаи тафтишотии Русия аз ҷумла гуфта мешавад: «Корманди мағозаи пойафзолфурӯшӣ Фарзон Салимов ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба наҷот додани одамон аз бинои оташгирифта кумак расонд».

Манбаъи ёдшуда ҳамчунин мегӯяд, А. Бастрикин зимни супоридани мукофотҳо ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки «ин медалҳо – медалҳои ҷангианд ва шахсоне бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд, ки шуҷоати воқеӣ нишон додаанд».

Гуфтанист, ки Фарзон Салимов зодаи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, солҳои зиёд дар шаҳри Кемерево дар як мағозаи пойафзолфурӯшӣ кор мекунад. Оиладор аст, се фарзанд дорад ва шаҳрванди Русия мебошад. 

Сӯхтори ҷонсӯз дар маркази савдои «Зимняя вишняя» ҷони 64 нафарро рабуд, ки 41 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ин сӯхтор ва омилҳои сар задани он ҳамоно ба як муаммои нокушода боқӣ мондааст. Идораҳои дахлдор ҳамоно фарзияву тахминҳои худро дар мавриди иллати сӯхтор санади расмӣ накардаанд. Рӯзҳои аввал хабар дода мешуд, ки 4 тан ба гумони даст доштан дар ин сӯхтор боздошт шудаанд.

Миёни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно дар мавриди теъдоди ҳалокшудагон гӯмагӯҳо зиёданд. Вале мақомот расман тайид кардаанд, ки дар ин фовеа 64 нафар ҷони худро аз даст доданд.

барчасп: