Маросими савгандёдкунии наваскарон
Чоп шуд: 25/05/2018 | admin
24 майи соли равон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии навдаъватшудагони даъвати баҳорӣ гузаронида шуд. Дар маросими идона Сардори Раёсати қушунҳо полковник Сафаров Ю., раиси Шӯрои собиқадорони Кумита генерал-майор Орифов Б., муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳринав Исмоилзода Дилшод, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳринав





