Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 61 миллион ва дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт. Болотарин сатҳи марг дар Русия: 524 нафар дар як шабонарӯз

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам аз 61 миллион гузашт. Тибқи охирин хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ин лаҳзаҳо дар саросари олам 61 миллиону 331 ҳазору 706 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз  153 991 мубталои нав сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 438 ҳазору 096 нафар фавтидаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи...

Кореяи Шимолӣ хостааст воксани зидди коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Садриаъзами Олмон хостори бастани ҳама тафреҳгоҳҳои лижаронӣ шудааст

Кореяи Шимолӣ талош кардааст тарҳи таҳияшудаи воксан аз коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Дар ин бора хабаргузории News One истинодан ба суханони  вакили парламони Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Гюн иттило додааст.

Хадамоти ҷосусии ин кишвар ба ин назар аст, ки Пхенян омода буд ба ширкатҳои дорусозии кишвари...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24 ноябри соли 2020, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо иштироки муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – Сардори раёсати ташкилию оперативӣ полковник Вализода Х., ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С.  гузаронида шуд.

Бозёфтҳои таърихӣ аз як кӯҳи яхӣ, ки аз тағйири иқлим яхи он об шуд

Бар асари тағйири иқлим дар парки милии Ютунхеймени Норвегия кӯҳи яхӣ батадриҷ об шуд ва пеши назари ковишгарон ҳаддиақал 68 пайкони қадимӣ намудор гашт. Қадимитарин бозёфтҳо ба солҳои 4100 то солшумории мо  ва навтаринашон 1300 сол то милоди Масеҳ мансубанд, - гуфта шудааст дар хулосаи пажӯҳиши донишмандон аз Кембриҷ, Осло ва Берген, ки онро маҷаллаи The Holocene интишор додааст.

Страницы