5 феврали соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ - ду мошин ва 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр барои қисмҳои КҲФ баргузор гардид.
Таҷҳизот дар доираи ҳамкории идораи наҷот бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР «Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳо» тақдим карда шуд.
Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сарвари Дафтари намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер ширкат карданд.
Сарвари КҲФ дар суханронии худ махсусан ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе қайд кард ва барои воситаҳои мухобиротии супурдашуда изҳори сипос намуд. Вай таъкид кард, ки ин техника бешак барои наҷоти бисёр одамон кумак мекунад ва кори кормандони идораи наҷотро дар ҳолатҳои изтирорӣ сабук месозад.
"Кӯмаки расида ин танҳо воситаҳои зарурии техникӣ нест, пеш аз ҳама он дастгирии назаррас барои беҳтар намудани кор дар самти расонидани кӯмак ба аҳолӣ мебошад", - қайд кард Рустам Назарзода.
Дар навбати худ, Роҳбари САҲА ҷаноби Кивер таъкид кард, ки САҲА минбаъд ҳам дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ бо идораи наҷот ҳамкорӣ хоҳад кард.