Covid-19: Дабири кулли СММ аз сарварони кишварҳои Гурӯҳи бист (G20) хост барои мубориза бо коронавирус дар олам 28 миллиард доллар ҷудо кунанд. 65 нафар кормандони СҶТ ба коронавирус мубтало шудаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 56 (55 943 622) наздик мешавад. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта боз 184 ҳазору 946 нафар афзудааст ва 3 948 нафар фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 343 ҳазору 388 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба 38 миллиону 963 ҳазору 786 нафар расидааст.

Аз рӯзи 18 ноябр ҳаво сардтар мешавад, барфу боронҳои пуршиддат низ дар назаранд. Чанд тавсия ба ронандагон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. МАҒЛУБИЯТИ ТЕНОЧТИТЛАН – қудратмандтарин қабилаи ҳиндуҳои Амрико. Эрнан Кортес кӣ буд?

Вориди шаҳр шуда, аҳдшиканона Монтесум ва атрофиёнашро ба асорат гирифт ва аз номи вай фармонҳо содир мекард. Аммо ҳиндуҳо ба зудӣ худро ба даст гирифтанд ва испониҳоро дар  Теночтитлан муҳосира карданд. Ногузир шуданд шаҳрро вогузоранд ва ба соҳил ақиб нишинанд. Пеш аз он ки онҳо ақибнишинӣ кунанд, Монтесума вафот кард ва ё испониҳо ӯро куштанд.

Даркушоӣ дар кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Синои пойтахт. Тифли хурсолро саломат ба модараш супурданд

Сокини кӯчаи Бобо Ҳамдам 31/1, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт аз баста шудани дари оҳании хонаи истиқоматии худ хабар дод. Вай гуфт, ки ба хона наметавонад ворид шавад ва тифли хурдсолаш дар дохил танҳост.

Дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҳтиёт аз кӯрдуди ҳезуму дами ангишт! Як сокини деҳаи Қашоти ноҳияи Лахш аз беэҳтиётӣ ҷон бохт

Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рашт рӯзи 15 ноябри соли 2020 ду бародар аз деҳаи Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш бо мақсади дарёфти тилло аз рӯди “Муксу”, воқеъ дар рустои Қандоб ба мавзеъи “Хуҷаи тавоф” рафта буданд.
Субҳи дигар дар дохили хайма яке аз бародаронро, ки 32 сол

Страницы