COVID-19: Шумори олудашудагон ба вируси корона дар олам аз 106,6 миллион гузашт
Чоп шуд: 08/02/2021 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 106 миллиону 696 ҳазору 325 нафар ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 327 ҳазору 535 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 118 ҳазору 060 нафар мубтало шуданд ва 2 741 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 78 миллиону 531 ҳазору 336 нафар буда, ин шабу рӯз 104 ҳазору 265 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.





