Мулоқоти Раиси КҲФ бо Директори генералии Институти экология ва географияи АИХ

30 майи соли 2025, дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Директори генералии Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, профессор Жанг Яоминг баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди байни Кумита ва Институти Синзянии экология ва географияи АИХ, инчунин Маркази тадқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд

Савганди навасакарони даъвати баҳорӣ дар Суғд

29-уми майи соли 2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули савганди ҳарбии наваскарони даъвати баҳории соли 2025  баргузор гардид.

 Дар маросим муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 

Ҳушдор аз боронҳои пуршиддати рӯзҳои оянда. Хатари омадани сел вуҷуд дорад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои  31-уми май то 2-юми июни соли ҷорӣ бо сабаби боронҳои пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Машқи омӯзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо мақсади иҷроиши талаботҳои Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, дар ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 27 – уми майи соли 2025 дар КВ “Пойгоҳи Локомотивии Душанбе”-и КВД  “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, машқи ғайринақшавии тактикии махсуси мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми ба амал омадани заминларзаи қувааш 6-7 балла ва бартарафкунии оқибатҳои он», гузаронда шуд.

Ду ғарқшуда дар рӯди Сир: яке 19 ва дуюмӣ 21-сола буд

Ду ҷавон аз деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон дар рӯди Сир ғарқ шуданд. Ҷасади онҳоро нимаи аввали рӯзи гузашта пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ин ҳодиса рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ рух додааст. Навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри  Хуҷанд ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар дод, ки ин ду нафар, ки дар оби Сир шиноварӣ мекарданд, ғайб заданд.

Страницы