КҲФ: Ташрифи гурӯҳи муштараки СААД ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

27 январи соли 2026 гурӯҳи муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар доираи шиносоӣ бо раванди таъсис додани Маркази башардӯстонаи аксуламали кишварҳои аъзои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ аз аҳамияти таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуданд.

Зимни ташриф намояндагони гурӯҳи муштарак бо самтҳои асосии фаъолияти Кумита, имкониятҳои мавҷуда ва заминаҳои ташкили Маркази гуманитарӣ шинос шуда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкории кишварҳои аъзои СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъсиси Маркази башардустонаи аксуламал ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кумаки саривақтии башардустона мусоидат менамояд.

барчасп: