КҲФ: ҲУШДОРИИ КУМИТА Вобаста ба рӯзҳои 22-24 январи соли 2026

Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд дар баробари дигар вазорату идораҳо, наҷотдиҳандагони Кумита низ фаъолият доранд.

  Дар ин шоҳроҳ наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти кофтуковӣ  наҷотдиҳии Кумита барои бартарафсозии тармафароӣ ва тамбасозии автомашинаҳо низ кӯмак расонида истодаанд.

     Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд.

   Ҳамчунин, кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки мошинҳояшонро пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд. Дар чунин рӯзҳо риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст.

Инчунин, мутахасисони кумита ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз идораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо суръати баланд худдорӣ намоянд, бо худ занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд, дар ҳолати танбашавӣ ба хати муқобили ҳаракат набароянд, ба кори техникаи махсус, ки ба чош додани маводи зиддилағзиш машғул аст, монеа эҷод накунанд.

Масъулияти бештар ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вогузор шудааст, зеро онҳо вазифадор ҳастанд, ки ҳатто дар шароити мураккаби обу ҳаво ҳамлу нақли саривақтӣ ва бехатари мусофиронро таъмин намоянд. Ронандагонро мебояд дар шароити номусоиди боду ҳаво бо мақсади бехатарӣ бе зарурат ба роҳ набароянд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш ва сабукрав хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ аз маълумот дар бораи обу ҳаво огоҳ шаванд.

Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

барчасп: