КҲФ: КУРСИ БОЗОМӮЗИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН

Дар асоси нақшаи иҷроиши барномаи тайёр намудани наҷотдиҳандагони Кумита аз санаи 13 то 24 курси бозомӯзии наҷотдиҳандагони Раёсати  кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ва Дастаҳои махсуси зудамали наҷотдиҳии шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт дар Маркази таълимию методии Кумита ҷараён дорад. Машғулиятҳои бозомӯзӣ ба тариқи назариявӣ ва амалӣ дар самти омодагии куҳнавардӣ, омодагии техникӣ, омодагии ғаввосӣ, омодагии кимиёвӣ ёрии аввалини тиббӣ, психологӣ ва инчунин омодагии муҳандисӣ-техникӣ ва корҳои таркишӣ гузаронида шуда, дониш малака, маҳорати касбии наҷотдиҳандагонро бозҳам дучанд гардонида шуд.

барчасп: