КҲФ: Оғози машғулиятҳои базавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2026 ва инчунин Нақшаи пуррагардонии Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, аз 6 то 8 январи соли 2026 машғулиятҳои базавӣ доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз гардиданд.

Машғулиятҳо тибқи Барномаи омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб, роҳандозӣ мегарданд.

 

     Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои муҳими мудофиаи гражданӣ, тадбирҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулода, баланд бардоштани сатҳи омодагии роҳбарон ва мутахассисон, инчунин ҳамоҳангсозии амалҳо ҳангоми ҳолатҳои изтирорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар фарҷом, иштирокчиёни машғулият аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба сертификатҳо сарфароз гардонида мешаванд.

 

барчасп: