Оғози мавсими оббозиву шиноварӣ шумори ҳалокшудагон дар обҳоро афзоиш додааст. Аксари ин ҳодисаҳо аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд. Аз чор ғарқшудаи ду рӯзи охир имдодгарони КҲФ як ноболиғро наҷот доданд. Ҷасади се ғарқшудаи дигар ҷустуҷӯ мешавад.
21 – уми июни соли 2025, соати 17:30 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Ваҳдатободи ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳяи Панҷ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳа ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро роҳандозӣ карданд.
То кунун ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надодаанд.
22 – уми июни соли 2025, соати 16:00 дақиқа як сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 5/4 ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён ба қоидаҳои шиноварӣ риоя накарда, ғарқ шудааст.
Бо дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ гузаронд.
Аммо то кунун ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 22-уми июни соли 2025, соати 14:20 дақиқа як истиқоматкунандаи 43-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд, ки сархӯш аз шароб буд ва дар макони барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир оббозӣ мекард, ғарқ шуд.
Ин ҳодиса дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёва рух додааст.
Баъди гирифтани хабар, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, то соати 20:00 ҷасади ғарқшударо ҷустанд. Вале ин ҷустуҷӯ низ он рӯз натиҷа надод.
Субҳи имрӯз ҷустуҷӯи ғарқшуда аз сар гирифта шуд.
22 – уми июни соли 2025, соати 15:05 дақиқа як сокини ноболиғи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, кӯчаи Дӯстматов, хонаи №148 ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сир ба ҳолати ғарқшавӣ дучор мегардад.
Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд сари вақт ба ҷои ҳодиса расида, шаҳрвандро наҷот доданд.