Мулоқоти Раиси Кумита бо Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)

Санаи 29 майи соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана, роҳбари минтақавии шуъбаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Николай Помощников мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо ва идоракунии ҳолатҳои фавкулода ва иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 8-уми Платформаи Глобалӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар моҳи июни соли 2025 дар Женева баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумита изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои дигар бо як қатор мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим рӯбарӯ аст. Солҳои охир мо шоҳиди тағйирёбии иқлими сайёра, афзоиши шумораи офатҳои табиӣ ва техногенӣ гардидем, ки дар назди мо мушкилоти навро ба миён меорад, қайд намуданд.

Муовини Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана барои қабули самимӣ ва аз ҳамкориҳо, ки натиҷаҳои босамар нишон дода буданд, хотиррасон намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо, масъалаҳои зерринро баррасӣ намуда, чунин қарорҳо қабул намуданд:

  • Ташкили давраҳои омӯзишӣ барои пешрафти самти фаъолият;
  • Ҳамкориҳои судманд дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ;
  • Амали намудани ташаббус дар самти “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама”;
  • Танзими ҳамкориҳои минбаъда бо АПДИМ ва ҷамъоварии маълумотҳо оид ба ҳолатҳои рӯхдода вобаста ба самти фаъолият дар ҷаҳон.

 

барчасп: