Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар! Соҳибони фардои Ватан!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имкониятҳои заруриро барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии онҳо фароҳам овардем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям: ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад.
Бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик дар душвортарин шароиту лаҳзаҳо барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштанд.
Имрӯзҳо низ ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳимояи зиндагии осудаи мардуми тоҷик дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд.
Саъю талоши онҳо, ҳамчунин, барои рушди варзиш ҳамчун омили муҳимтарини пешбурди тарзи ҳаёти солим ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизамон қобили таҳсин мебошад.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбия, таҳсил, кору фаъолият ва истироҳату фароғати ҷавонон, яъне фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои онҳо тамоми иқдомоти заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Аз ҷумла тавассути қабул ва амалӣ намудани қонунҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи самараноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳа фароҳам гардидаанд.
Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёд ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бунёди ҳазорҳо муассисаи таълимии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва даҳҳо ҳазор иншооти муҷаҳҳазу замонавии варзиш аз ҷумлаи ҳамин иқдомот ба ҳисоб мераванд.
Тавре ки қаблан низ гуфта будам, бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 153 литсейи касбҳои техникӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият дорад.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди мо дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд.
Ҳамаи иқдомоти зикршуда дастгириву ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардонидани ҷавонони кишвар мебошанд.
Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар ҳама гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад.
Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти сиёсиву иҷтимоии худ дар назди давлат ва ҷомеа барои пешрафту ободии Ватани худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ заҳмат мекашанд.
Бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, густариши тафаккури навоварӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон намудем.
Дар ин раванд, аз ҷавонони созандаи Ватан умед дорем, ки бо омӯхтани илму донишҳои муосир, дар навбати аввал, илмҳои дақиқ ва риёзӣ, эҷодкориву ихтироъкорӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ташаббускорӣ дар амалӣ сохтани ин ҳадаф низ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷавонони мо, ки дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ камол ёфтаанд, бояд Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои онро чун неъмати бузургтарини миллати тоҷик ҳифз карда, бо кору амали созандаи худ Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд.
Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред.
Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.
Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам.
Бовар дорам, ки шумо анъанаҳои ватандӯстиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкории халқамонро идома бахшида, Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта мегардонед ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоред.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад, фарзандони хушиқболи Ватан!
Манбаъ: АМТ “Ховар”