Хабарҳои рӯзи 21-уми май. Пайдо кардани ду ҷасади ғарқшуда ва болоравии сатҳи оби рӯди Вамар

Бино ба маълумоти пешакӣ аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фвқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 21уми майи соли 2025, соати 22:28 дақиқа хабар расид, ки дар натиҷаи гармии ногаҳонии дамо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯди Вамар, об аз соҳил берун шуд ва маҷрои худро дигар кардаву садди муҳофизатиро шуст.

Дар натиҷа об ба замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони шаҳрванд Рустамов Асрад Амадбекович об ворид гардидааст.

Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода, ки ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. Аммо ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки бар асари гармои рӯзҳои оянда метавонад ин ҳодиса такрор шавад.

Аз ин рӯ, лозим аст сокинон сари вақт чораҳои бехатарӣ андешанд, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳоро ба ҳар гуна селовардаҳо  тоза кунанд.

 

15-уми майи соли 2025, соати 11:00 дақиқа як сокини 7-солаи ноҳияи Вахш, ҷамоат шаҳраки Вахш кӯчаи Ваҳдат №109, ки мехост аз канали назди хонаашон об гирад, ба оби канал сарозер шуда буд.

 21 – уми майи соли 2025, тахминан соати 06:45 дақиқаи субҳ 350-400 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ҷасади ноболиғ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

   

Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода рӯзи 21 – уми майи соли 2025 як сокини 41-солаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Қаратоғ, гузари Сурхӣ дар ҳолати мастӣ бо мақсади нӯшидани об дар канали Шайх Музаффар уфтода, ғарқ гардидааст.

Ҷасади ӯ соати 07:50 дақиқа аз тарафи ҳайати шахсӣ ШКҲФ ва МГ дар шаҳри Турсунзода пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

 

барчасп: