Ҳаводиси шабонарӯзи гузашта. Омадани сел, резиши сангу рег... Зарфи 24 соати охир дар баъзе минтақаҳои кишвар бар асари боришоти шадид омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ба болои бинои истиқоматӣ афтодани дарахт ба қайд гирифта шудааст. Чунончӣ, 27 марти соли 2025, соати 04:10 дар ҳудуди шаҳраки Овзекент, воқеъ дар байни сарҳади ноҳияи Б.Ғафуров ва Мастчоҳ, бар асари бориши тӯлонӣ аз теппаҳо сел омад, ки дар натиҷа беш аз 24 сар чорвои хурди хоҷагии ҷангалҳои вилояти Суғд ҳалок гардид. Феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекунад. 27 марти соли 2025, соати 08:10 дар ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими ВМКБ бар асари боридани барфи зиёд як дарахти бузург ба болои хонаи як сокини маҳаллӣ сарозер шуда, ба манзилаш зарари моддӣ расонидааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия барои муайян кардани хисорот дар ҷойи ҳодиса кор мекунад. 27 марти соли 2025, соати 11:20 ба вақти маҳаллӣ дар километри 425-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегузарад, резиши сангу рег ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа ду мошини мусофирбар ва таҷҳизоти вазнини муҳандисӣ – як экскаватор осеб диданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ набуд. Роҳ баста шуд. Кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо истифода аз техникаи махсус паёмадҳои ин ҳодисаро бартараф намуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба эҳтимоли лағзиши тарма, омадани сел сел ва сангрезӣ бори дигар аз шаҳрвандон муроҷиат ва даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣ дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ худдорӣ кунанд.