Дар асоси Барномаи омӯзишӣ доир ба вокуниш ва пешгирӣ намудани хушунати оилавӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, ки аз ҷониби Фонди нуфуси аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ карда шудааст, рӯзҳои аз 26 то 28 марти соли 2025 аз тарафи сардори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ – методӣ полковник Маҳмадзода Т. ва афсари калони Маркази таълимӣ-методии шаҳри Душанбе Халифазода М., бо сардорон ва мутахассисони шуъбаю бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, ҳамзамон сардорони шуъбаю бахшҳои Раёсат ва наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят семинар –омӯзиш дар мавзуи “Пешгирии намудани хушунати хонаводагӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти семинар-омӯзиш масъалаҳо вобаста ба пешгирӣ намудани зӯроварии гендерӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, принсипҳо ва меъёрҳои хидматрасонӣ ба ҷабридидагон дар ҳолатҳои фавқулодда, арзёбии хатар ва банақшагирии хидматрасониҳо ба ҷабридидагони зӯроварии гендерӣ дар шароити ҳолтаҳои фавқулодда, ниёзҳои ҷабридидагони зуроварии гендерӣ ва монеаҳо барои гирифтани хидматрасониҳои самаранок ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба ҷабридидагони зуроварии гендерӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Семинар-омӯзиш аз тарафи мутахассисони соҳа бо истифода аз усуслҳои интерактивӣ ва ба таври саволу ҷавоб сурат гирифта, барои фаҳмиш ва баланд бардоштани малакаи дониши иштирокодорон мусоидат намуд.
Чорабинӣ дар як фазои озод гузаронида шуда, рафти он аз тарафи мутахассиси бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумита дар ВМКБ аксбардорӣ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки рафти ҷаласа аз тарафи мутахассиси бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилоят аксбардорӣ карда шуд.