Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад. То 31-уми марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад. Илова бар ин, 28 марти соли 2025 дар натиҷаи боришот дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармазо фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, ба ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш, ба шикор, моҳидорӣ нараванд. Барои ҷилавгирӣ аз хатари селҳо сари вақт ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна партобҳои нолозим пок созанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кившар даъват менамояд, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳо 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.