24-уми марти соли 2025, соати 21:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 320 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, аз миёни деҳаҳои Хостав ва Зевари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел омад. Сел барои муддате роҳро барои ҳаракати мошинҳо номумкин кард. Ҳоло барои бартараф кардани паёмадҳои сел корҳо идома доранд.
25 – уми марти соли ҷорӣ наздик ба соати 2-и шаб дар километри 0,5 роҳи мошингарди Душанбе-Лабиҷар-Маркази ноҳияи Сангвор бар асари боронҳои пуршиддат сел омад. Дар натиҷа лою лойоба ва сангу рег роҳро баст.
Барои бартараф кардани паёмадҳои сел хадамоти роҳи ноҳия техникаи махсус ҷудо кард ва ҳоло кор барои тоза кардани роҳ башиддат идома дорад.
Ҳамчунин 25-уми марти соли равон наздик ба соати 5-и субҳ дар километри 203 роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди мавзеи Сурхаки ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, бар асари боронҳои шиддатнок сел омад. Дар натиҷа ин қитъаи роҳ ҳаракат барои мошинҳоро имконнопазир кард.
Ҳоло барои бартараф кардани паёмадҳои он корҳо идома доранд.
Бар асари селҳо талафоти ҷониву хисорооти дигар нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки бино ба маълумоти ҳавошиносон ҳавои номусоид то рӯзи 27-уми март идома мекунад ва эҳтимоли омадани селҳо, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ ва лағзиши тарма зиёд аст.
ЭҲТИЁТ КУНЕД!