24-уми марти соли 2025 дар километри 18-уми роҳи мошингарди Душанбе-варзоб мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Avante», ки аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба дарёи Варзоб сарозер шудааст. Ин мошин аз ҷониби як сокини 51-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон идора мешуд.
Ҷиҳати роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса дстаи навбатдорони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯву наҷот рафт.
Барои безарартар аз дарё берун овардани мошин кормандони Кумита аввал онро бо бандҳо печонданд ва бо ёрии лебедка онро ба соҳил оварданд.
Хушбахтона дар ин ҳодиса касе зарар надид. Ронанда тавонистаст то омадани имдодгарон мустақилона аз мошин берун шавад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас мекунад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд!