Имдодагрони КҲФ як марди 41-соларо, ки даст ба худкушӣ зада буд, наҷот доданд

23-уми марти соли 2025 соати  17:41 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари изтиробангез расид. Гуфта мешуд, ки аз пуле, ки дар қасабаи 46-уми шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва аз болои рӯди Душанбе мегузарад, шахсе худро ба дарё сарозер кардааст.

Дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Имдодгарони бо истивфода аз ресмони эҳтиётӣ то ба макони марди ғарқшуда худро расонданд, ӯро ба занбар хобонданд, бо ремон бастанд ва аз миёни дарё ба соҳил оварданд.

Сипас, фаврӣ ба бемористон интиқол доданд.

Маълум шуд, ки ин мард 41 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай гуфтааст, ки аз ноҷӯриҳои хонаводагӣ даст ба худкушӣ зада буд.

Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.

барчасп: