Санаи 10 марти соли 2025 дар бинои Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистонбаргузор гардид.
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Роҳбари Намояндагӣ ва Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва Роҳбари Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон Умед Қаландаров ба имзо расонида шуд.
Мутобиқи санади имзошуда Лоиҳаи «Ташаббус барои таҳкими субот дар минтақаҳои наздимарзӣ амалӣ карда шуда, сохтмони 1 адад паногоҳ ва 2 адад майдончаи варзишӣ ба маблағи 3 (се) миллион евро ба нақша гирифта шудааст, ки маблағгузори асосии лоиҳа Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳадаф аз бунёди чунин инфрасохторҳо дар ноҳияҳои назди марзӣ, ин истифодаи самараноки онҳо ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Бо дарназардошти мавҷуд будани инфрасохтори мутараққӣ ва технологияҳои пешрафтаи ҳозиразамон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки бунёди чунин паноҳгоҳҳо дар минтақаи вилояти Суғд таъсис дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат, саривақт ва ба таври фаврӣ эътинонамоӣ карда, раванди корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои ниёзи аввалия ба аҳолии зарардида ва ҳатто барои гурезагони эҳтимолӣ низ мусоидат хоҳад кард.