Боришоти зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани дамои рӯзҳои ахир хатари лағзиши тармаро ба бор овардааст. Вазъият дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти ҳавошиносони кишвар, то 7 марти соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи баланди бориши барф боқӣ мемонад.
Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посбонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраҳои хавфи ба амал омадани вазъияти фавққулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи лағзиши тарма ба амал омадаанд, заруранд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода дар роҳҳо ҳатман бо телефонҳои : 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-1 ба кумак муроҷиат намоед.