5 марти соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ роҳбари ширкати “Хайтера”-и Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Ҷиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози вохӯрӣ Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷаноби Ли Ҷи барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки муносибатҳои ду кишвар таърихи тӯлонии дӯстиву ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ доранд, ки бар асоси эҳтиром ва ҳусни тафоҳум асос ёфтаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имкони оғози лоиҳаҳои муштарак оид ба ҷорӣ намудани воситаҳои муосири алоқа дар фаъолияти ҳаррӯзаи хадамоти наҷотро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои такмили ҳамкориҳои дуҷонибаро низ баррасӣ карданд.
Раиси Кумита генерал-полковник Р.Раҳмоналӣ дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид намуданд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омода аст минбаъд ҳам муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои зичро густариш дода, идома диҳад.
Дар навбати худ ҷаноби Ли Ҷи омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, ки ба шукуфоӣ ва некӯаҳволии халқҳои дӯст мусоидат хоҳад кард, тасдиқ кард.