Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони КҲФ ва дигар сохторҳо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
Мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили шатранҷ, шашка, бозиҳои гимнастикӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҳам кормандони КҲФ ва ҳам дигар намояндагони вазорату идораҳои гуногун ширкат мекунанд.
24 июни соли 2024 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони намудҳои зерини варзиш: футболи хурд, шатранҷ ва шашка доир шуд. Боиси хушнудист, ки дар баробари мардон бонувон аз ҷумлаи кормандони КҲФ низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.
Чунончӣ, дар мусобиқаҳои инфиродӣ аз рӯи намуди бозии шашка майор гулбаҳор Холиқзода ҷойи 1-ум ва лейтенанти калон Гулчин Шурова оид ба шатранҷ ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Ҳарду бо ифтихорнома, медал ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мақсади асосии баргузории чорабиниҳо таҷлил аз 30-солагии таъсисёбии Идораи наҷоти кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, боло бурдани малакаву ва маҳорати хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки ин мусибиқот якҷо бо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.