Ҳалокати боз ду нафар дар обҳои кишвар. Яке духтари 17-сола буд

Шабонарӯзи гузашта дар обҳои кишвар ду нафар ғарқ шуданд, ки яке аз онҳо духтари 17-сола буд.

Бино ба хабари Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июни соли равон тахминан соати 13:00 як сокини 17-солаи деҳаи Шинги ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод ба дарёи Сурхоб афтода ғарқ шудааст. Сабаби ҳодиса дақиқан маълум нест.

Ҷасади ин духтари 17-сола пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

Ҳодисаи дуюм дар шимоли кишвар рух дод. Рӯзи 25-уми июн соати 14:00 як сокини деҳаи Рӯзии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хабар дод, ки фарзанди маъюби 23-солаи ӯ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили дарёи Зарафшон пояш лағжидаву ба дарё сарозер шудааст. 

Фаврӣ ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумита дар навоҳии Зарафшон расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда то фаро расидани торикӣ идом кард, вале натиҷа надод.

Субҳи рӯзи 26-уми июн талошҳо барои пайдо кардани ҷасад аз сар гирифта шуданд. 

Таҳлили ҳодисаҳои нохуш нишон медиҳад, ки сабаби марг дар об шиноварӣ дар маконҳои мамнуъ барои оббозиву шиноварӣ, надонистани қоидаҳои бехатарӣ ва дар ҳоли сархӯшиву мастӣ вориди об шудан аст.

Дар мавриди ғарқи об шудани ноболиғону кӯдакон метавон гуфт, ки ин фоҷеа бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва беназоратии волидон рух медиҳад. 

КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад: бениҳоят ҳушёр бошед, дар бораи амнияти худ беэътиноӣ накунед, дар бораи наздикони худ фикр кунед!

барчасп: