Машқи тиарандозӣ дар тамрингоҳ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси тирандозӣ аз автомати Калашников гузарониданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Идораи наҷоти кишвар ва бо мақсади татбиқи Нақша – чорабиниҳои асосии Кумита «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ оид ба тирандозӣ аз силоҳи оташфишони АКМ-7,62 мм» аз 19-ум то 21-уми июни соли 2024 дар тамрингоҳи Кумита воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав кормандони Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории КҲФ дар ҳудуди гарнизони Душанбе машқҳои амалии тирпарронӣ ва машқҳои тайёрии ҳарбӣ гузарониданд.

Иштирокчиён як катор машкхо, тирпарронй аз мавкеъхои гуногун — хобидан, сари зону нишастан ва истода тир заданро иҷро карданд. Дар маҷмӯъ, ҳар як афсар 15 тир холӣ кард.

Пас аз анҷоми тирпарронӣ, афсарони КҲФ тавонистанд натиҷаҳои худро бо якдигар муқоиса кунанд.

Ба ғолибон медал ва тӯҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

 

 

барчасп: