Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии рушд расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии аз сел зарардидаро идома медиҳанд.
Чунончӣ, 7 июни соли 2024 кормандони КҲФ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) бо дастгирии молиявии Бюрои Кӯмаки башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ба 180 хонаводаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сел осеб дидаанд кумакҳои башардӯстона расониданд.
Кормандони Кумита бастаҳои беҳдоштӣ, ва ҳаббҳои безараргардонандаи обҳоро дар ҳузури комиссияи ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раисони деҳоту ҷамоатҳо тақсим карданд.