ВОКУНИШ: Посухии расмии Кумита ба мақолаи “Ду паҳлӯи як масъала”

24 майи соли 2024 аз ҷониби Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон аз қубури канализатсияи тангкӯчаи Низомии шаҳри Бохтар ҷасади 2-нафар истиқоматкунандагони шаҳри Бохтар -  Баҳриддинов Бахтиёр Ҷумаевич- 1971 соли таваллуд ва Баҳриддинов Парвиз Бахтиёрович-1991 соли таваллуд  бароварда шуда ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд.

25 майи соли 2024 хабари мазкур дар сомонаи расмии Кумита бе ифшои ному насаби ҷабрдидагон бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ ҷиҳати даст кашидани онҳо аз роҳандозии ин гуна корҳо, мавод ҷой карда шуд.

30 майи соли 2024 дар саҳифаи фейсбук “Ахбор барои афкор” аз ҷониби рӯзноманигор Мавлуда Гулова мақола бо номи “Ду паҳлӯи як масъала” чоп шуд, ки дар он муаллиф бо Манзура Баҳриддинова хоҳари марҳум Бахтиёр Баҳриддинов атрофи ҳодиса ва сабабҳои он суҳбат намудаст.

Аз он ҷумла, дар муколама омадааст: Чӣ шуд, ки бародари шумо Бахтиёр Баҳриддинов дохили ин қубур шуданд?

- Сабаби дохилии қубур даромадани бародарам ва писари ӯ пайдо шудани нуқс дар кори қубурҳои хона буд. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса роҳи қубурҳои ташноб дар хона банд шуданд ва ифлоси то ба берун баромад ва ин аҳли хонаводаро нороҳат кард. Бародарам ба Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар занг зад, вале онҳо баъд аз се рӯз меоем гуфтаанд. Бародарам бо писараш интизор нашуданд, зеро то се рӯз ҳол бадтар ва хона ифлос мешуд. Рӯзи дигар ҳарду назди қубури калони маҳалла рафтанд. Бародарам Бахтиёр Баҳриддинов бо мақсади тоза кардани қубур ва кушодани роҳи обгузар дохил шуд ва пас аз дақиқае пояш лағжиду дохили қубур афтод.

Ба ин суханҳои шаҳрванд мо аз Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маълумотномаи расмӣ бо имзои роҳбари корхона Яров А.Д. аз 3 июни соли 2024 таҳти № 86 гирифтем, ки омадааст: “Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Бохтар ба маълумот мерасонад, ки рузи 24 майи соли 2024 соати 17:40 дақиқа ба корхона хабар доданд, ки дар кучаи Қ.Абдураҳимови шаҳри Бохтар ба чоҳи канализатсионӣ ду нафар худсарона даромада, аз комбинатсияи газҳои аммиак, сероводород ва метан фавтидаанд.” Яъне, аз суханҳои сарвари ин корхона бармеояд, ки касе ба онҳо то соати 17:40 занг назадааст.

...Падару писар бе доштани малакаи касбӣ ва либосу таҷҳизоти махсус дохили чоҳ шуданд ва сабаби асосии марги онҳо ин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ мебошад.

Дуввум, дар суҳбат Манзура Баҳридинова мегӯяд: Ман ба ҳолатҳои фавқулода занг задам. Намедонам чаро, вале занг ба масъулини ҳолатҳои фавқулодаи Душанбе рафт ва аз онҷо маро бо ниҳоди дар шаҳри Бохтар буда пайваст карданд.

 Дар расонаҳо аз кӯмаки саривақтӣ ва зудамалии наҷотдиҳандагони ин Раёсат гуфтанд, ҳол чунин буд?

Гурӯҳи зудамали Ҳолатҳои фавқулода баъд аз 20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расид, вале онҳо бе омодагӣ ва бе ҳеҷ як ашёҳои наҷотдиҳи омаданд”.

Дар варақаи хатсайри  расмии гурӯҳи дастаи наҷотдиҳандагон, ки таҳти роҳбарии сардори ин даста майор Наҷибулло Аҳтамзода, наҷотдиҳандаи касбӣ, ки аз ҷумлаи ширкаткунандагони амалиёти наҷот дар Ҷумҳурии Туркия буд, омадааст: “24 майи соли 2024 соати 16:28 дақиқа  ба Раёсат занг ворид гашт оид ба оне, ки бояд барои расонидани ёрӣ  ба тангкучаи Низомии шаҳри Бохтар раҳсипор шавем, он ҷо ду нафар ба чоҳи канализатсионӣ афтидаанд. Баъди гирифтани маълумот мо, соати 16:32 иборат 8-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шудем. Соати 16:43 дақиқа наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса расиданд. Дар вақти азназаргузаронии мавзеъ маълум гашт, ки ду нафар дар таги чоҳ, ки чуқуриаш 6 метрро ташкил медиҳад, афтидаанд, якеашро то ними танааш ба қубури калон кашида буд. Бо насб намудани таҷҳизоти махсуси “сепоя” Расулов Исматулло дастурдиҳандаи калон – наҷотдиҳанда (оид ба корҳои рўиобӣ ва зериобии гурӯҳи дуюми дастаи наҷотдиҳии Раёсат) бо истифода аз ниқоби зиддигазии “ГП-5” ба троси таҷҳизот худро насб намуда, ба дохили чоҳи канализатсия ворид гашт. Ӯ гуфт, ки шаҳрвандон бе нишони ҳаёт ҳастанд”. Барои онҳоро аз дохили чоҳ баровардан асбобҳои махсус лозим шуд. Бо дастрас намудани ин таҷҳизот – “дудӣ – газӣ АСВ” аввал ҷасади Баҳриддинов Парвиз Бахтиёровичро бароварданд ва баъдан бо машаққати зиёде ҷасади Баҳриддинов Бахтиёр Ҷумаевичро аз дохили қубури канализатсия, ки ними танаи ӯ дар он дармонда буд, бароварданд ва ба мақотҳои дахлдор супориданд.

Барои муайян намудани сабаби фавти шаҳрвандон ҷасадҳои онҳо аз ҷониби экспертизаи судӣ муоина карда шуд

Тибқи хулосаи эксперти суди-тиббӣ Эсанов Қ.Ф таҳти №154 аз 24.05.2024 сол чунин меояд: “аз сабаби нагузаронидани ташреҳи тиббӣ-судӣ  ҷасад, сабаби марги шаҳрвандон муайян карда намешавад, лекин ҳолати кор аз қарор ба назар гирифта ва аломатҳои заҳролудшавии баданро (хунпечишҳои нуқтамонанди луобпардаи пилки чашмон, бисёр ҳам омехта будани доғҳои маити, буйи ғализ аз сару бадани ҷасадҳо) ба назар гирифта, гуфтан мункин аст, ки сабаби марги онҳо дар натиҷаи заҳролудшавии умумии бадан бо гази ғализи номаълум ба вуқуъ омадааст. Ҳангоми азназаргузаронии зоҳирии ҷасадҳо аз он далолат медиҳад, ки марги ду шаҳрванд дар муҳлати зиёда 1-4 соат то мавриди азназаргузаронии ҷасад фаро расидааст, ки азназаргузаронии ҷасад аз соати 17:15 то 18:05 дақиқа, 24.05.2024 сол гузаронида шудааст”.

Яъне, аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки то воридшавии занг барои имдод мутаассифона, ин ду шаҳрванд аллакай фавтида буданд.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи хулосаи коршиносони соҳаи кимиё ва табибон дохили чоҳи канализатсия аз сабаби пайдоиши пайвастагиҳои зерин муҳити хатарнок ба ҳисоб меравад: гази метан (CH4)-60-68%, дуоксиди карбон (CO2)-30-35%, нитроген (N2), аммиак (NH2), сулфиди гидроген (H2S) то 2%, организмҳои биологӣ, буғҳои об ва ғайра. Дар мавзее, ки косентратсияи баланди метан, сулфиди гидроген ва газҳои дигар мушоҳида мешавад, боиси чархзании сар, ҳисси норасогии ҳаво, таппиши зиёди дил, номутобиқатӣ, беҳушӣ ва марги эҳтимолии ҷабрдида мегардад. Дар фазои маҳдуд дар 1-2 дақиқа зери таъсири газҳо заҳролудшавии умумии бадан ба вуқуъ омада, ҷабрдида беҳуш мешавад ва ин ба ҳолати марг оварда мерасонад.

Ҳамарӯза наҷотдиҳандагони Кумита барои наҷоти ҳаёти дигарон пайваста мекӯшанд, новобаста аз оне, ки то чӣ андоза баргурзории амалиёт ба ҷони  онҳо хавф дорад ё не. Танҳо дар соли гузашта аз ҷониби наҷотдиҳандагон зиёда аз 200 нафар аз ҳодисаҳои гуногун наҷот дода шуданд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи худро ба наздикон ва хешу ақрабои ҷонбохтагон расонида, ҳамзамон аз хабарнигорони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш мекнад қабл аз интишори маводи таҳлилӣ бо муроҷиат ба Кумита назари мутахассисонро низ бигиранд. 

Роҳбарияти Кумита ҳамеша барои посух ба ҳар суоли хабарнигорон омода аст.

барчасп: