24 майи соли 2024 ду сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, падари 55-сола ва писари 30-сола бо мақсади тоза кардани қубури канализатсия, ки дар наздикии бозори «Фаровон» ҷойгир шудааст, ба чоҳ поин шуданд. Аммо ин ду на распиратор доштанд ва на айнак.
Аввал падар ба чоҳ поин шуд ва писар дар берун мунтазир монд. Аммо дар баробари расидан ба умқ падар аз бӯи гази метани хориҷшуда аз ҳуш бирафт. Чун аз падар садое нашуд, писар хост ӯро аз сӯрох берун орад, вале аз бӯи газ ба чоҳ уфтод. Дар натиҷа бар асари заҳролуд шудан аз гази заҳрдор падару писар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷоми амалиёти наҷот ба ҷои ҳодиса расиданд ва ҷасади падару писарро аз чоҳи олуда ба газ берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба хонаводаи ҷонбохтагон дар ин фоҷеа ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ба қасди тоза кардани чоҳҳои хатарнок ва қубурҳои онҳо ба танҳоӣ ва бе истифода аз асбобҳои бехатарӣ иҷозат нест.