Дарси мудофиаи гражданӣ дар Шаҳринав

Дар доираи чорабиниҳои якмоҳаи мудофиаи гражданӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ чорабиниҳо оид ба тарбияи насли наврас ва тарғиби чораҳои бехатарӣ дар байни кӯдакон ташкил ва гузаронида мешаванд.

Чунончӣ, рӯзи 17 апрели соли 2024 дар «Литсей барои хонандагони болаёқат», ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав машқи «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ санҷиши амалии қобилияти иштирокчиён ба амалҳои анику муташаккил ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии худ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Дар рафти чорабинй вазифаи мууҳим аз ин иборат буд: муайян кардани тарзи амали хонандагон дар ҳолати фавқулодда; ба ҷабрдидагон расонидани ёрии аввалин, истифода аз воситаҳои муҳофизати шахсӣ (противогаз); қобилияти зуд ва бидуни воҳима дар ҳолати фавқулодда амал кардан.

Пас аз эвакуатсияи бомуваффақият хонандагони синфҳои боло маҳорати пӯшидани противогаз ва расонидани ёрии аввалин ба осебдидагонро намоиш доданд.