Дар асоси иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023 дар ноҳияи Файзобод машқи муккамали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар давоми се руз дар мавзуи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ боришоти боронҳои пай дар пай ва омадани сел» гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод оид ба ҳолатҳои фавқулода Холзода Бобишо Нарзулло, муовини раиси ноҳия Амонализода Ҷаҳонбек ва муовини раиси Комиссия – сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод подполковник Сайфидинзода Б. дар якҷоягӣ бо афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкурро ташкил ва гузарониданд.
Дар чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули Сарраёсати мудофиаи гражданӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, инчунин кормандони масъул Кумита таъсис дода шуд.
Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ аз тарафи мутахассисони Кумита ба комиссияҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсионӣ, сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ дар ноҳияи Файзобод ва иншоотҳои иқтисодии ҷалб гардида, оид ба дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани он кӯмакҳои амалию методӣ расонида шуд.
Дар машқи мазкур намояндагони зернизоми вазифавии ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарикунандаи Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Файзобод, аҳолии эвакуастияшавандаи ноҳия бо шумораи умумии қувва ва воситаҳо зиёда аз 930 нафар, 33 адад механизм ва техникаҳои махсус ҷалб карда шуданд.
Аз тарафи бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод, баъд аз қабули супориш ба воситаи зернизоми ҳудудии алоқа ва хабардоркунӣ бонги эълони «Ҷамъшавӣ», ба ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми ҳудудии Низоми ягона, Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, Комиссияи эвакуатсионӣ ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия хабардор карда шуда, бо гирифтани бонги «Ҷамъшавӣ» дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод-ҳайати роҳбарикундаи машқ ҷамъ оварда шуданд.
Ҳайати иштирокчиёни машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Файзобод тибқи руйхат аз қайд гузаронида шуда, аз тарафи Роҳбари машқ бо Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023, фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амрҳои Раиси ноҳияи Файзобод оид ба мавзуъ, моҳият ва тартиби гузаронидани машқ шинос карда шуданд.