27 августи соли 2023 соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бар асари ин офати табиӣ 11 нафар (3 нафар зан ва 8 нафар мардон) ҷони худро аз даст доданд. Ба ду нафар имкон даст дод, ки ҷони худро аз мошини ғарқшуд наҷот диҳанд. Дараи ҷамоати Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонд ва мутаассифона 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Аз макони ҳолати фавқулодаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон, Раиси КҲФ ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд ва бо сокинон ҳамсуҳбат шуданд. Вазъ зери назорати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва супориш дода шудааст, ки ба ҳҳама оилаҳои зарардида кумаки лозимӣ расонда шавад.
ШАРҲИ КОМИЛИ РӮЙДОДҲОИ ШАБОНАРӮЗИ ГУЗАШТА ДАР КИШВАР БА ИН ТАРТИБ АСТ:
27 августи соли 2023 боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар боиси омадани селҳо, сангрезиш ва ярч дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод шуданд. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ доштанд.
Чунончӣ, боронҳои пуршиддат сабаби хароб шудани селпартои Шураксой дар қаламрави деҳаи Хуҷамбиёи поёни шаҳри Душанбе шудааст. Дар натиҷа об вориди қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон шуда, роҳро ба самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бозори Кушониён мегузарад, бастааст. Наздик ба 35 метр девори селпарто хароб шудааст.
Айни замон, бо қувваю воситаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия роҳи автомобилгард тоза карда шуда, ҳаракати мошинаҳо дар роҳи мазкур барқарор карда шуд. Дар натиҷаи омадани сел аз дарёи Харангон ба саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти ибтидоии №69, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳи шафати мактаби мазкур зарар дидаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Сино дар натиҷаи боронҳои пуршиддат роҳи мошингарди миёни Лучоби боло ва ноҳияи Варзоб баста шуд. Бо ёрии техникаи муҳандисии ҷудошуда ин мушкил сари вақт бартараф гардид. Ҳамин гуна ҳолат дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар ҳам ба қайд гирифта шуд. Дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш дар натиҷаи боронҳои пуршиддат об ба шоҳроҳ баромад ва ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ сохт. Дар айни замон паёмадҳои офат дар ин минтақа бартараф карда шуд. Дар шаҳри Душанбе бар асари офатҳои ахир талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 27-уи августи соли равон тахминан соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боронҳои зиёд сел дар километри 194-и роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритошро, ки аз қаламрави деҳаи Ғуломони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ мегузарад, пахш кард. Дар натиҷа як пули байни дараҳо ҳолати садамавӣ ба худ гирифт.
Бо ҷалби як экскаватор соати 22:00 дақиқа паёмадҳои ин ҳодиса бартараф ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода шуд.
27 августи соли 2023 тахминан соати 19:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бороннҳои пайдарпай километрҳои 2, 3, 4 ва 18 роҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор зери об монд. Бо кумаки техникаи муҳандисӣ роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо таъмин гардид.
27 августи соли равон тахминан соати 14:40 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб шуданд. Бо ёрии техникаи муҳандисии ширкати роҳи «IRS» паёмадҳо бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.
Вале соати 16:30 дар натиҷаи боронҳои идомадор дар километри 21-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд омадани сел ва ярч ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 мошин зери лойю лойқа монданд.
Барои рафъи ҳолати ба миёномада техникаи муҳандисии «IRS» ва КҲФ ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд, 28 августи соли 2023 вазъ ба эътидол оварда шуд, роҳ аз ҳар гуна селовардаҳо поккорӣ шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. Ҳамчунин дар километри 21 ва ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда роҳи деҳаи Буваки ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айниро аз лойқа ва селобаҳо тоза намуд.
Дар ҳудуди деҳаи Лучоб маҳаллаи Гулбоғ-1 ва деҳаи Шодоби ҷамоати деҳоти Чорбоғ сел ба як қатор хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. 14 адад мошинҳои сабукрав дар лойқаи назди хонаҳо дармонданд. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад ва ҳаҷми зарари расида мушаххас мешавад.
Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Хонқоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор низ селҳ қисман ба хонаҳои истиқоматӣ зарар расонданд.
27 августи соли 2023 соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи омадани сел ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зарар диданд. Беш аз 100 хоҷагӣ аз ин қаламрав ба маконҳои амн муваққатан интиқол дода шуданд. Вале мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ 11 нафар (3 нафар зан ва 8 нафар мардон) ҷони худро аз даст доданд. Ба ду нафар имкон даст дод, ки ҷони худро аз мошини ғарқшуд наҷот диҳанд.
Ҳамчунин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни деҳаҳо ва иншоотҳои ҳимоявӣ зарар диданд. Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодса мизони зароари расидаро аниқ мекунад.
Дар ҳудуди деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ тахминан соати 22:00 сел сабаби зери об мондани қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон шуд. Дар деҳаҳои Маърифат, Шайнак ҷамоати деҳоти Чортеппа селҳо ба таҳхонаҳои сокинон ворид шуданд. Тахминан соати 23:00 дар ҳудуди деҳаи Дараи ҷамоати Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонд ва мутаассифона 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин дар ноҳияҳои Рашт, Деваштич низ омадани селҳо ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои зарардида Комиссияиҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд.
Аз макони ҳолати фавқулодаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон, Раиси КҲФ ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд ва бо сокинон ҳамсуҳбат шуданд. Вазъ зери назорати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва супориш дода шудааст, ки ба ҳҳама оилаҳои зарардида кумаки лозимӣ расонда шавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат дар ин рӯзҳо ба гӯшаву канори мамлакат, рафтан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии алаф, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ кунанд.
Аз сокинон хоста мешавад сари вақт ҷӯйбору каналҳои пеши манзилҳои худро тоза кунанд, то сабаби вориди хонаҳо шудани сел нашаванд.
Хотиррасон мекунем дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда ва ягон ҳодисаи нохӯши дигар бо Қисми навбатдории Кумита бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 хабар диҳед.