Хабари шоми гузашта

Як сокини кӯчаи ба номи Муҳаммадиеви пойтахт ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар оҳании манзили истиқоматиаш баста шудаву наметавонад ворид шавад ва писари 16-солаи ӯ, ки калид ҳам надорад, дохили хона мондааст.

Дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид ва бо истифода аз дастгоҳи махсус бе ягон осеб дарро боз намуд.

Наврас дар дохили хона ба ҳеч кӯмаки тиббӣ ниёз надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми аз хона берун шудан ҳатман бо худ калиди манзилашонро гиранд, то боиси саргардониҳо нашавад.  

барчасп: