Ҳамчуноне пештар хабар дода будем, 23 августи соли 2023 дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхоб, наздикии Арчакаппа бар асари об шудани пиряхи “Баралмас” сел омад ва маҷрои дарёи Сурхобро муддати 1 соат баст. Дар натиҷа 400 метр роҳи мошингард шуста шуда, 3 симчӯби интиқоли қувваи барқ ва 150 метр кабели қуввааш 10 кВт хароб шуд.
Роҳ муваққатан баста шуда буд. Барои бартараф намудани ҳолати бамаломада ва тоза кардани роҳу аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо 3 адад техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуд.
Соати 14:25 дақиқаи рӯзи 24-уми августи соли равон роҳ пурра аз селовардаҳо тоза карда шуд.
Ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид.