Наҷот саге, ки миёни дарё монда буд

11 августи соли 2023 соати 10:06 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди рӯди “Душанбе”, дар он минтақае, ки аз қаламрави кӯчаи Саъдии Шерозӣ убур мекунад, дар як тахтасанг саге дармондаву наметавонад худро раҳо кунад.

Дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд. 

Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсуси наҷот амалиёти раҳоии ҷонварро аз миёни об оғоз карданд. Яке аз наҷотдиҳандагон худро поин кард ва ба саг имкон дод, ки аз дарё боло шавад. Дигарон ҳамкори худро бо ёрии банде, ки ба самти ҷойи ҳодиса партоб карда буданд, аз хатари эҳтимолӣ ҳифз намуданд.

Азбаски саг дар макони хеле тезоби дарё дармонда буд, ин кори наҷотро ҳам мушкил мекард. Вале бо вуҷуди ин имдодгарон тавонистанд ин ҷонвари безабонро аз хатар наҷот диҳанд.

Дар амалҳои ҳамарӯзии наҷот ҳодисаҳои имдодрасонӣ ба ҷонварон ҳам хеле зиёд ба чашм мерасанд. Наҷоти сагу гурбаву дигар ҳайвонҳои дармонда дар тоқи айвони хонаҳову миёни рӯдхонаҳо аз ҷумлаи ин гуна амалиётҳои наҷот ба шумор мераванд. 

барчасп: