Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро боз карданд, ки дар дохили он хона духтарчаи дусола танҳо монда буд.
Соати 14:51 дақиқаи рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумита занг зад ва хабар дод, ки дараш баста шудаву вориди хона шуда наметавонад ва дар дохил духтари дусолааш танҳост.
Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус дар манзили ин хонумро боз карданд.
Дари манзили зист бо сабабҳои гуногун баста мешавад. Ҳолатест, ки соҳиби хона саросемавор берун меравад, вале калидро бо худ намегирад ва дарҳое, ки қуфлашон автоматист, баста мешаванд.
Ҳолати дигаре ҳас пеш меояд, ки кӯдаки дохили хона баногаҳ дарро мепӯшад ва худ дар дохил мемонаду падару модар дар берун.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад: ҳатто агар кӯдаки шумо паси дари баста танҳо монд, шумо аз паси дар бо вай дар гуфтугӯву муколама бошед, аз дами дар дур нашавед, то фарзандатон худро танҳо ҳисс накунад ва донад, ки шумо бо ӯ хоҳед монд.
Ҳангоми аз хона берун шудан, бадиққат бошед, калидро фаромӯш накунед. Ба кӯдакон дар бораи он ки агар рафту дар баста шавад, бояд чӣ кор кунанд, суҳбат кунед. Онҳоро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаи эҳтимолии дар хона танҳо мондан, огоҳ созед.
Ҳамчунин рӯзи гузашта имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе як ҷавонеро аз дохили лифти харобшуда наҷот доданд.
9 августи соли равон соати 12:13 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар дохили лифти харобшудаи хонае воқеъ дар кӯчаи А.Ғуломов 41 як нафар дар мондааст.
Барои кумак дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Маълум шуд, ки як сокини 21-сола ҳамгоми бозгашт аз кӯча дохили лифт шудаву он миёни ошёнаҳо хароб ва аз кор мондааст. 15 дақиқа лозим шуд, ки имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти махсус лифтро боз кунанд ва ин ҷавонро аз он берун кунанд.
Ҷавон солим буд ва ба ҳеч кумаки тиббӣ ниёз надошт.