Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ барои соли 2023, инчунин беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни вазорату идораҳо – аъзои Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар кишвари мо фаъолият мекунанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 июли соли 2023 дар мавзуи «Амалҳои мақомот, қувваҳо ва воситаҳои зерсистемаҳои ҳудудии Низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсияи аҳолӣ ба маҳалҳои бехатар» машқи саҳроӣ гузаронида шуд.
Ин тамрин дар Маркази миллии таълимии омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ, воқеъ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд.
Тибқи сенарияи машқ, ки дар ду марҳила сурат гирифт, масъалаҳои омодагии сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, қувва ва воситаҳо дар сурати ба амал омадани вазъияти фавқулодда ва ба минтақаву ноҳияҳои бехавфу хатар эвакуация кардани аҳолӣ баррасӣ шуд.
Барои ҳамоҳангсозии умумӣ ва банақшагирии чорабиниҳои муштарак 27 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе Ситоди фаврии тамринҳо фаъол шуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Дар машқҳо дараҷаҳои омодагии қувва ва воситаҳои мақомоти идорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди санҷиш ва арзёбӣ қарор гирифт. Дар ин тамринҳо беш аз 5 ҳазор нафар ҷалб карда шуданд.
Беш аз 10 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, шуғли аҳлоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин созмонҳои ватаниву байналмилалии Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ, Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Кумитаи Ҳилоли Аҳмар дар ин тамринҳо иштирок намуданд.
Дар тамрин ҳамчунин вазорату идораҳо – аъзои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва зерсистемаҳои ҳудудии Низоми ягонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, инчунин созмонҳои байналмиллалӣ, аз қабили Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар Тоҷикистон ширкат доштанд.