Наҷотдиҳандагон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки як ҷавонзани 28-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот диҳанд.
Ӯ сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд ва аз болои пул худро ба дарёи Сир андохта, хост бо ин васила ба ҳаёташ хотима бахшад.
Имдодгарон ӯро аз об берун оварданд, ёриҳои аввалии тиббиро расонданд ва ҷонашро аз марг наҷот доданд.
Ин ҷавонзан аз бистарӣ шудан ба беморхона худдорӣ кард.
Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди худкушӣ кардани ҷавонзанро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.