Чи тавре ки таҷрибаи бисьёрсола нишон медиҳад, масъалаи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти заминҷунбӣ барои баъзе шаҳрвандон чандон муҳим нест. Бо дарназардошти ин, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Душанбе оид ба риояи чораҳои амниятӣ ва муҳофизатӣ ҳангоми заминларзаи эҳтимолӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар ин гуна ҳолатҳо чорабиниҳо дар назди биноҳои бисёрошёна мегузаронанд.
Дар тӯли як ҳафта мутахассисони КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар миёни сокинони биноҳои баландошёна ва навсохт ба аксияҳои худ идома доданд. Дар чорабиниҳо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок карданд.
Бо ёрии маводи видеоии омодакардашуда ба шаҳриён чораҳои бехатарӣ дар офатҳои табииро нишон доданд. Ғайр аз ин барои бачаҳои филмҳои омӯзишӣ нишон доданд. Дар ин филмҳо ҳама чораву татбирҳо ҳангоми заминларза ба забони содаву фаҳмо намоиш дода шудааст.
Корҳои таблиғотӣ ҳамроҳ бо Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони ВКД гузаронида мешаванд.
Қарор аст ҳафтаи оянда ин гуна чорабиниҳо дар ноҳияи Синои пойтахт роҳандозӣ шаванд.