Дар доираи барномаҳои якмоҳаи мудофиаи гражданӣ тайи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб чорабиниҳо доир намуданд. Ин тадбирҳо як сислсила омӯзишҳо дар мавриди таъмини бехатариву амнияти наврасону навҷавононро дар мегиранд.
Ҳадафи асосӣ санҷиши амалии қобилияти ширкаткунандагони раванди омӯзишӣ-тарбиявии мактабҳо оид ба амалҳои дақиқ ва муташаккилона барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии худ дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Дар ҷараёни чорабинй вазифаи муҳим муайян намудани рафти амалиёти донишомӯзон дар ҳолати фавқулода; роҳҳо, усулҳо ва шеваҳои расонидани кумакҳо ба зарардидагон, истифода аз воситаҳои муҳофизати фардӣ (противогаз), қобилияти зуд, бе воҳима, дар ҳолати фавқулодда амал кардан тамрин шуданд.
Баъди эвакуасияи муваффақона хонандагони синфҳои болоӣ пӯшидани противогаз ва расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро амалан нишон доданд.
Нуқтаи ниҳоии Рӯзи мудофиаи гражаднӣ дарси амалии “Мактаби бехатарӣ” ва намоиши амалии Дастаи наҷотдиҳандагони Кумита буд.