Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатариву таъмини амнияти шаҳрвандон дар ҳолатҳои фавқулодаи табииву техногенӣ дар байни аҳолӣ то охири моҳи майи соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ корҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода гузаронида ҳоҳад шуд.
Ба ин чорабиниҳо ҳамчунин кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷалб шудаанд. Чорабиниҳо дар дар наздикии биноҳои баландошёна, дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд ҷамъ мешаванд, раҳгузарони зиёде равуо мекунанд, гузаронида мешаванд.
Диққати асосӣ ба корҳои таблиғотӣ миёни наврасону навҷавонон дода мешавад, бештар мактаббачаҳо, тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, донишҷӯён ба ин гуна суҳбатҳо ҷалб карда хоҳанд шуд.
Бо ёрии экрани мошини махсуси таблиғотии КҲФ ба аҳолӣ наворҳои таблиғотӣ намоиш ва миёни онҳо варақаҳо ва китобчаҳои гуногуни таблиғотӣ тақсим карда мешаванд.
Аксия рӯзи 3-уми майи соли равон аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оғоз ёфт. Дар миёни хонаҳои бисёрошёна ва навсохт кормандони Раёсати КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.
Боиси хушнудист, ки дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ сокинон фаъол буданд ва ба суолҳои зиёди худ аз мутахассисон посух дарёфт намуданд.
Ин гуна чорабиниҳо дар ноҳияҳои дигари пойтахт низ баргузор мешаванд.