Ҷасади писарбачаи 13-сола, ки дар Канали Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо шуд

Ҷасади писарбачаи 13-сола

25 – уми апрели соли 2023 дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади як сокини 13-солаи деҳаи Оҳангарони ҷамоати деҳои Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисорро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ин ноболиғ рӯзи 22 апрели соли равон дар “Канали калони Ҳисор” ғарқ шуда буд. Наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро 7 километр поинтар аз макони ҳодиса пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, бо кӯдакону наврасон корҳои таблиғотӣ баранд ва барояшон хатарҳои танҳо рафтани ба соҳили каналу ҷӯй ва дарёву баҳрҳоро фаҳмонанд.

Аз волидони бо эҳтиром хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд!

барчасп: