24 апрели соли 2023 дар доираи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани малакаҳои касбии ҳайати шахсӣ ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоқобила бо экстремизм ва терроризм дар солҳои 2021-2025” дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ мулоқот бо кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ баргузор шуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ ошкор ва рӯшан кардани масъалаҳои муқовимат ба паҳншавӣ ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ буд.
Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни суханронии худ оид ба падидаи хатарноки ҷаҳони муосир – терроризм, нигаронӣ аз ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, дар бораи зарарҳои мудҳиши ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои ғайрианъанавӣ, ки аксар вақт боиси аз хона рафтан ва пайвастан ба сафи террористон мешавад, нақл карданд.
Онҳо дар баромади худ қайд намуданд, ки «сиёсати давлати мо пеш аз ҳама ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ва мо, ҳомиёни Ватан, бояд тамоми кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид созем».
Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, инчунин аз ҳайати шахсии Раёсат даъват ба амал овард, ки вазифаи ҳарбии худро софдилона иҷро намуда, дар рушди соҳа саҳми худро гузоранд. мамлакат.