Рӯзҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва ноҳияи Варзоб дар доираи тадорукоти “Рӯзҳои мудофиаи гражданӣ” мулоқоту вохӯриҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи ин чорабиниҳо тафтиши амалии малакаҳои ширкаткунандагони раванди омӯзишиву тарбиявӣ барои ҳимояи ҳаёт ва саломатии онҳо дар шароитҳои гуногуни ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Дар рафти чорабинй вазифаи муҳим аз ин иборат буд: муайян намудани рафти амалиёти студентон дар холати фавкулодда; ба зарардидагон тарзи расондани ёрии аввалин, истифода бурдани воситахои муҳофизати шахсӣ (противогаз) ва ғайра.

Пас аз эвакуатсияи бомуваффақият хонандагони синфҳои болоӣ маҳорати пӯшидани противогаз ва расонидани ёрии аввалин ба осебдидагонро намоиш доданд.

Ҷамъбасти Рӯзи мудофиаи гражданӣ дарсҳои намоишии «Мактаби амният» ва намоиши кори наҷотдиҳандагони КҲФ буд.

барчасп: