6 апрели соли 2023 тахминан соати 14:16 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави ноҳияи Варзоб хабар расид.
Гуфта мешуд, ки дар километри 65 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira», ки аз ҷониби як сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд идора мешуд, ба ҷарии 600 метр сарозер шуд. Ин мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.
Дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш ронанда ва яке аз мусофирони мошин шадидан захмӣ шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Ду мософири дигар бар асари зарбаҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сабаби ин садама дақиқан маълум нест, вале ба эҳтимоли зиёд боло будани суръати ҳаркати мошин буда, ки ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи он барояд.
КҲФ аз кулли ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Шуморо дар хона фарзандону пайвандонатон интизоранд!!!